Роҳбари оромгоҳи Хованское ба куштор айбдор шуд

Мақомоти тафтишоти Русия боздоштшудагон – директори қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав Юрий Чабуев ва ҳамраиси ташкилоти «Зодоровая нация» Александр Бочарниковро ба ташкили муноқиша ва куштор айбдор карданд. Дар ин бора нашрияи «Коммерсантъ» иттилоъ медиҳад. Тибқи фарзияи Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия, хоҳиши Чабуев ҷиҳати зери назорат гирифтани тоҷикон, ки дар он ҷо ғайриқонунӣ фаъолият доштанд, ба […]



Мақомоти тафтишоти Русия боздоштшудагон – директори қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав Юрий Чабуев ва ҳамраиси ташкилоти «Зодоровая нация» Александр Бочарниковро ба ташкили муноқиша ва куштор айбдор карданд. Дар ин бора нашрияи «Коммерсантъ» иттилоъ медиҳад.

Тибқи фарзияи Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия, хоҳиши Чабуев ҷиҳати зери назорат гирифтани тоҷикон, ки дар он ҷо ғайриқонунӣ фаъолият доштанд, ба занозанӣ сабаб шудааст.

Дар Раёсат бар ин назаранд, ки директори ормогоҳ бо мақсади тамаъҷӯӣ мехост муҳоҷиронро «ба додани қисмате аз даромадашон ё қатъ кардани фаъолият» маҷбур намояд.

Нашрия менависад, Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав содир шудани ин ҳодисаро «куштори ду ё зиёда одамон, ки бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон содир шудааст» ва ҳамчунин «авбошӣ» (қ. 2, моддаи 105 ва қ. 2, моддаи 213 КҶ Русия) арзёбӣ намуда, ба Юрий Чабуев ва Александр Бочарников дар «ташкили» (қ. 3, моддаи 33 КҶ Русия) содир кардани ин ҷиноятҳо айбнома пешниҳод кардааст.

Аммо бо манбаъи наздик ба мақомоти тафтишот саҳеҳ карда мешавад, ки дар парванда иҷрокунандагон ҳузур надоранд: ба 12 нафар боқимонда иштирокчиёни занозанӣ, ки боздошт шудаанд, танҳо дар авбошӣ айбнома пешниҳод шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май бо иштироки беш аз 200 нафар дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозании оммавӣ бо тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он се нафар тоҷикистониён ҳалок ва беш аз 20 нафари онҳо ҷароҳат бардоштанд.

Чанд рӯз қабл мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия

нисбати панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон

, ки дар ҳодисаи занозании оммавӣ дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав иштирок кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия

дар ин робита изҳор намуд

, ки баҳри ҳимояи 5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки нисбаташон дар робита ба ҳодисаи муноқиша дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, мусоидат мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.