Анонс
– Ҳайати Кнессет (парлумон)-и Давлати Исроил ба Тоҷикистон ташриф меорад;
– Дар Душанбе конфронси минтақавӣ дар мавзӯи «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии шиканҷа», ки дар он 60 намояндаи ташкилотҳои эътилофи зидди шиканҷаи Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, аъзои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҳамчунин намояндагони дигар кишварҳои пасошӯравӣ иштирок доранд, ба кори худ идома медиҳад;
– Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Бангладеш бозии аввали плей-оффи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 20-00;
– Дар майдонҳои хурди Варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқоти сеюм бахшида ба хотираи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳимоятгари маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе Геннадий Черевченко идома меёбад.
Қ
урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
7.8689
сомонӣ;
1
евро –
8.7888
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1148
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
2004
– Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи боздошти истифодаи ҷазои қатл дар ҶТ»-ро якдилона маъқул шуморид.
2005
— Вакилони парлумони Тоҷикистон дар санаи 5-уми октябр таҷлил шудани ҷашни Рӯзи забони тоҷикиро тасдиқ карданд.
2011
— Фаъолияти шарики шабакаи телевизионии «К+» дар Тоҷикистон «Стан Медиа» боздошта шуд.
1912
— Мавлуди тарҷумон Эманнуил Муллоқандов.
1940-2010
– Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Зафар Нозимов.
1941-2001
– Мавлуди доктори улуми филологӣ, профессор Толиб Хаскашев.
1962
– Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Афзалшо Шодиев.
1962
– Мавлуди оҳангсоз Алишер Латифзода.
1963
– Зодрӯзи журналист Ёқуб Исмоилов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.
Дар Вилояти Мухтори К
ӯ
ҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -3+2, рӯзона +9+14.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18 рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Ху
ҷ
анд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Қ
ӯ
рғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +22+24.





