Қатъи тафтиши парвандаи бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб

Парвандаи Наҷмиддин Саидов, раиси намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Данғара ва бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб, “бинобар тасдиқ нашудани фикри айбдорӣ” қатъ шудааст. Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 1 июн ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки қаблан нисбат ба Наҷмиддин Саидов ва ду ҳамроҳаш бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “қаллобӣ” парванда боз шуда, вале дар […]

Радиои Озодӣ



Парвандаи Наҷмиддин Саидов, раиси намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Данғара ва бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб, “бинобар тасдиқ нашудани фикри айбдорӣ” қатъ шудааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 1 июн ба

Радиои Озодӣ

гуфтааст, ки қаблан нисбат ба Наҷмиддин Саидов ва ду ҳамроҳаш бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “қаллобӣ” парванда боз шуда, вале дар ҷараёни тафтишот иттиҳоми алайҳи ӯ тасдиқи худро наёфтааст.

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, ду нафаре, ки бо Наҷмиддиин Саидов риштаи дӯстӣ дошта ва ҳоло дар боздоштанд, ҳангоми қаллобӣ аз номи ӯ сӯистифода кардаанд. “Дар ҷараёни тафтиши парванда маълум шуд, ки Саидов дар ин ҷиноят даст надорад. Ин ду нафар ҳам дар бозпурсиҳои такрорӣ иқрор шуданд, ки воқеан, барои амали қаллобии худ аз номи Наҷмиддин Саидов истифода кардаанд. Онҳо зимни анҷоми амали қаллобиашон ба ҷабрдида гуфтаанд, ки мо дӯсти додари роҳбари Хадамоти гумрук ҳастем,” – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ин манбаъ мегӯяд, ба ин далел парванда пурра қатъ шуда ва ҳоло нисбат ба Наҷмиддин Саидов ҳеч иттиҳом вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, аммо нисбат ба ду ҳамроҳи Саидов парванда боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст. “Рӯзҳои наздик ҳукми онҳо содир хоҳад шуд,” – гуфт ӯ.

Хабари боздошти Наҷмиддин Саидов моҳи октябри соли гузашта расонаӣ шуд ва мақомоти додситонӣ бори аввал моҳи феврали соли ҷорӣ гуфтанд, ки алайҳи раҳбари намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар Данғара ва бародари раиси Хадамоти гумрук парванда боз шудааст.

Моҳи октябри соли гузашта манобеи Озодӣ дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти Наҷмиддин Саидов, раиси филиали “Тоҷиксодиротбонк” хабар доданд. Як манбаъ дар ин ниҳод гуфта буд, ки Наҷмиддин Саидов аз як шаҳрванд 400 ҳазор доллар гирифтанӣ шуда ва дар вақти дарёфти қисмате аз ин маблағ боздошт шудааст.

Масъулони “Тоҷиксодиротбонк” он замон дар сӯҳбат бо Озодӣ ҳарчанд боздошти Наҷмиддин Саидовро ба таври расмӣ тасдиқ накарданд, вале гуфтанд, ки раиси филиали ин бонк дар Данғара дар рухсатӣ қарор дорад. Баъдан ба тамосҳои пайвастаи Озодӣ низ дар ин филиали “Тоҷиксодиротбонк” гуфтанд, ки раҳбарашон ҳанӯз ба кор набаромадааст.

Наҷмиддин Саидов дар охирҳои моҳи октябри соли гузашта бо пардохти 5 ҳазор нишондиҳанда, баробар ба тақрибан 200 ҳазор сомонӣ, аз боздошт раҳо шуда буд. Манбаъ аз яке аз додгоҳҳои шаҳри Душанбе ба Озодӣ гуфт, қарори раҳоии Саидовро рӯзи 19 октябр содир гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".