Сафири навтаъини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Зоҳир Саидов, ки қароргоҳаш дар ш. Боку аст, эътиборномаи худро ба Президенти Гурҷистон Георгий Маргвелашвили супорид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни супоридани эътимоднома, сафир паём ва таманиёти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Гурҷистон расонида, таъкид намуд, ки сарвари давлати Тоҷикистон ба кишвар ва мардуми дӯсти Гурҷистон сулҳу оромӣ ва рушду шукуфоӣ орзу карда, хостори густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар мебошад.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили умдаи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҳарду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид карданд, ки робитаҳои Тоҷикистону Гурҷистон дар заминаи боварии мутақобила ва наздикии мавқеъҳо густариш меёбад.





