Президенти Гурҷистон сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Сафири навтаъини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Зоҳир Саидов, ки қароргоҳаш дар ш. Боку аст, эътиборномаи худро  ба Президенти Гурҷистон Георгий Маргвелашвили супорид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни супоридани эътимоднома, сафир паём ва таманиёти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Гурҷистон расонида, таъкид намуд, ки сарвари давлати Тоҷикистон ба кишвар ва мардуми дӯсти […]

asia+, asia+



Сафири навтаъини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Зоҳир Саидов, ки қароргоҳаш дар ш. Боку аст, эътиборномаи худро  ба Президенти Гурҷистон Георгий Маргвелашвили супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни супоридани эътимоднома, сафир паём ва таманиёти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Гурҷистон расонида, таъкид намуд, ки сарвари давлати Тоҷикистон ба кишвар ва мардуми дӯсти Гурҷистон сулҳу оромӣ ва рушду шукуфоӣ орзу карда, хостори густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар мебошад.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили умдаи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҳарду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид карданд, ки робитаҳои Тоҷикистону Гурҷистон дар заминаи боварии мутақобила ва наздикии мавқеъҳо густариш меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.