Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар Душанбе вохӯрии ҳамасолаи Гурӯҳи Ҳадафнок дар мавзӯи «Нақши САҲА дар Тоҷикистон» доир мегардад. Вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи САҲА, Дафтари САҲА дар ҶТ ва ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шакли мизи гирд баргузор мешавад;

– Дар толори театри ба номи Лоҳутӣ ҳунармандони театри ба номи Маяковский спектакли «Кикимора ва волшебная палочка»-ро намоиш медиҳанд;

– Дар намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон намоиши филмҳои ҳунарӣ ва тасвирӣ аз рӯи асарҳои А.С.Пушкин доир мегардад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8690

сомонӣ;


1

евро –

8.9376

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1177

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1955

– Сохтмони корхонаи консервбарории Чептура анҷом ёфта, истеҳсоли маҳсулот оғоз гардид.


2010

— Дар Душанбе Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд оид ба гузориши миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи ҷараёни баргузории Даҳсолаи байнулмилалии амали «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 доир гардид.


2011

— СММ дастрасии озод ба Интернетро ба рӯйхати ҳуқуқҳои заминавии инсон шомил кард.


1911-1956

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Аҳад Сулаймонов.


1948

– Мавлуди журналист Мирзошо Ватаншоев.


1950

– Зодрӯзи нависанда Латофат Кенҷаева.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +21+26.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +12+17.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19 рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +38+40.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +41+43.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +28+30.

spot_imgspot_img

Популярное