Анҷоми ду лоиҳаи ҳукумати Ҷопон дар ВМКБ

Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада рӯзҳои 2 ва 5 июни соли 2016 дар маросими анҷом ёфтани ду лоиҳа дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ширкат варзид. Маросимҳои мазкур ба хотири бомуваффақ иҷро шудани лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Мурғоб ва дар соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Хоруғ роҳандозӣ гаштанд. Лоиҳаҳо аз тарафи Ҳукумати […]



Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада рӯзҳои 2 ва 5 июни соли 2016 дар маросими анҷом ёфтани ду лоиҳа дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ширкат варзид.


Маросимҳои мазкур ба хотири бомуваффақ иҷро шудани лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Мурғоб ва дар соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Хоруғ роҳандозӣ гаштанд. Лоиҳаҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчубаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP)” ба хаҷми умумии 201,003 доллари ИМА маблаггузорӣ гардид.

Маросими анҷоми «Лоиҳаи таъмири бинои асосӣ ва сохтмони бинои иловагӣ ба Маркази саломатии ноҳияи Мурғоб» 2-ӯми июни соли 2016 бо ҳузури оғои Мурзабай Ҷоошбаев, раиси ноҳияи Мурғоб дар якҷоягӣ бо табибон, ҳамшираҳои шафқат ва дигар аъзоёни маҳалла баргузор гардид. Бо амалишавии лоиҳа, Маркази саломатӣ ҳоло қодир хаст зиёда аз 14.000 нафарро бо хизматрасониҳои беҳтар таъмин намояд.  Ҳукумати маҳаллӣ ҳамчунин аз ҷониби хеш марказро бо таҷҳизоти тиббӣ муҷҷаҳҳаз гардонид.

5 июни соли 2016 дар шаҳри Хоруғ маросими анҷомёбии «Лоиҳаи барқарор намудани канали обёрии шаҳри Хоруғ» баргузор шуд. Бо татбиқи лоиҳаи мазкур, минбаъд деҳқонон барои обёри ба оби кофи дастрасӣ доранд ва аз ин рӯ метавонанд маҳсулнокии кишоварзии хешро зиёд кунанд. Оғои Шодихон Ҷамшед, Раиси ВМКБ, сипоси самимиро аз номи Ҳукумат ва мардуми шаҳри Хоруг ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии чунин минтақахои дуртасти кӯҳистонро иброз намуд.

Оғои Камада дар суханронии хеш зикр намуд, ки лоиҳаҳои бахши аъзами аҳолӣ баҳри баланд бардоштани вазъи зиндагии мардуми минтақа кумак расонда инчунин муносибатҳои дӯстонаро байни халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония тақвият мебахшанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.