Имзои 16 санади ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви ИДМ

Дар қароргоҳи «Ала-Арча»-и ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек таҳти раёсати ин кишвар ҷаласаи ҷашнии Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардида, дар ҷараёни он дар маҷмӯъ беш аз 20 масоили бештар марбт ба бахши иқтисод баррасӣ шуданд. Дар ҷаласа нахуствазирони Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус, Молдова, Тоҷикистон, муовинони нахуствазирони Озарбойҷон, Туркманистону Ӯзбекистон ва раиси […]

ASIA-Plus



Дар қароргоҳи «Ала-Арча»-и ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек таҳти раёсати ин кишвар ҷаласаи ҷашнии Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардида, дар ҷараёни он дар маҷмӯъ беш аз 20 масоили бештар марбт ба бахши иқтисод баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа нахуствазирони Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус, Молдова, Тоҷикистон, муовинони нахуствазирони Озарбойҷон, Туркманистону Ӯзбекистон ва раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳод Сергей Лебедев иштирок краданд. Ҳайати Украина дар ҷаласа ҳузур надошт.

Бино ба

маълумоти

  сомонаи ҳукумати Қирғизистон, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа дар Бишкек беш аз 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, қабл аз имзои аснод ҳайати иштирокдорони ҷаласа бо президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дидору гуфтушунид карданд.

Гуфта мешавад, дар бораи таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили фаъолияти мақомоти иҷроияи ИДМ ва беҳбуди самаранокии фаъолияти худ Иттиҳод қарор қабул шуда, онҳо ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 16 сентябри соли равон дар Бишкек доир мегардад, равона мегарданд.

Бо пешниҳоди ҷониби Беларус ҷаласаи навбатии нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ 28 октябри соли 2016 дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Минск баргузор мешавад. Қобили зикр аст, ки соли 2016 аз замони таъсиси ИДМ 25 сол пур мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.