Муҳлати ҳабси роҳбари оромгоҳи Хованское тамдид шуд

– Суди шаҳри Маскав ҳабси собиқ директори қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав Юрий Чабуевро, ки дар ташкили занозании оммавӣ дар ин қабристон айбдор карда мешавад, қонунӣ арзёбӣ кард, – хабар медиҳад Интерфакс. «Қарори суди ноҳияи Пресненск бидуни тағйир боқӣ гузошта шуда, шикоятҳои апеллятсионии адвокатҳо Овсянников ва Лашнев қонеъ гардонида намешавад», – қайд мешавад дар қарори суд, […]



– Суди шаҳри Маскав ҳабси собиқ директори қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав Юрий Чабуевро, ки дар ташкили занозании оммавӣ дар ин қабристон айбдор карда мешавад, қонунӣ арзёбӣ кард, –


хабар медиҳад


Интерфакс.

«Қарори суди ноҳияи Пресненск бидуни тағйир боқӣ гузошта шуда, шикоятҳои апеллятсионии адвокатҳо Овсянников ва Лашнев қонеъ гардонида намешавад», – қайд мешавад дар қарори суд, ки рӯзи сешанбе аз рӯи натиҷаҳои баррасии шикояти ҷониби ҳимоя эълон шуд.

Ҳамин тариқ, қарори таҳти ҳабс қарор доштани Чабуев ҳукми қонунӣ гирифта, ҳамчунин шикоятҳои апеллятсионии ҷониби ҳимояи ҳуқуқшиноси ширкати «Техэнергосервис» ва муассиси клуби варзишии «Здоровье нации» Александр Бочарников, собиқ корманди пулис Никита Мошенко, ки баъди муноқиша дар оромгоҳ аз кор сабукдӯш шудааст ва айбдоршаванда Сергей Козлов дар ҷаласаи минбаъдаи судӣ баррасӣ мешаванд.

Қаблан дар ин робита

иттилоъ дода будем

, ки мақомоти тафтишоти Русия боздоштшудагон – директори қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав Юрий Чабуев ва ҳамраиси ташкилоти «Зодоровая нация» Александр Бочарниковро ба ташкили муноқиша ва куштор айбдор карданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май бо иштироки беш аз 200 нафар дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозании оммавӣ бо тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он се нафар тоҷикистониён ҳалок ва беш аз 20 нафари онҳо ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 

нисбати панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон

, ки дар ҳодисаи занозании оммавӣ дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав иштирок кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия 

дар ин робита изҳор намуд

, ки баҳри ҳимояи 5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки нисбаташон дар робита ба ҳодисаи муноқиша дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, мусоидат мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.