Тоҷикистон Бангладешро дар бозии ҷавобӣ ҳам мағлуб кард

Дар бозии ҷавобии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни тими Бангладеш ва мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 7 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Дакка доир гардид, футболбозони тоҷик ин дафъа низ ҳарифи худро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб карданд. Бозии аввали ин дастаҳо дар Душанбе бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон […]



Дар бозии ҷавобии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни тими Бангладеш ва мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 7 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Дакка доир гардид, футболбозони тоҷик ин дафъа низ ҳарифи худро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб карданд. Бозии аввали ин дастаҳо дар Душанбе бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон

анҷом ёфта буд

.

Дар дақиқаи 6-уми бозӣ тӯби ягонаро ба дарвозаи соҳибони майдон аз зарбаи ҷаримавӣ аз масофаи 20 метр футболбози тоҷик Аҳтам Назаров ба ҳадаф расонид.

Ҳамин тариқ, мунтахаби футболи Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби умумии 6 бар 0 бар дастаи Бангладеш дастболо шуда, барои иштирок дар даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи марти соли оянда оғоз мегардад, ҳуқуқ пайдо намуд.

Аз рӯи натиҷаҳои ду бозии ин даври плей-офф  дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа ва  Яман низ ба бозиҳои гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё -2019 роҳхат гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки 5 дастаи дар даври бозиҳои плей-офф ба нокомӣ дучоршуда, барои ба даст овардани роҳхат якҷоя бо тими мунтахаби Бутан 6 сентябр ва 11 октябр дар се ҷуфти бозиҳои плей-офф-1 ширкат меварзанд ва ғолибонашон ба бозиҳои гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Австралия, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Таиланд, Ироқ, Кореяи ҷанубӣ ва Узбекистон мустақиман дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2019, ки дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузаранд, иштирок мекунанд.

Дастаҳои мунтахаби Кореяи шимолӣ, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Гон-Конг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Баҳрайн, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман ва Мянма дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё- 2019 якҷоя бо ғолибони се ҷуфти бозиҳои плей-оффи 1, ҷамъ 24 даста  соли оянда дар 6 гурӯҳи чордастагӣ барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоӣ мубориза мебаранд.

Дар натиҷа ғолибони гурӯҳ ва соҳибони ҷои дуюм ба қатори 12 дастаи финалист ҳамроҳ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.