Беш аз 1,5 млрд. $ сармоягузории Русия ба беҳбуди низоми таъминот бо гази Қирғизистон

То соли 2030 ҳаҷми сармоягузории Русия ба низоми таъминот бо гази Қирғизистон 100 млрд. рубл (беш аз 1,5 млрд. доллари ИМА бо қурби 07.06.2016 сол)-ро ташкил хоҳад дод. Зимни имзои созишномаи дахлдор дар ин хусус нахуствазири Русия Дмитрий Медвевлев гуфтааст, сеяки маблағи ин сармоягузорӣ аллакай давоми ду соли наздик сурат мегирад. «Ин иқдом ба беҳбуди […]



То соли 2030 ҳаҷми сармоягузории Русия ба низоми таъминот бо гази Қирғизистон 100 млрд. рубл (беш аз 1,5 млрд. доллари ИМА бо қурби 07.06.2016 сол)-ро ташкил хоҳад дод.

Зимни имзои созишномаи дахлдор дар ин хусус нахуствазири Русия Дмитрий Медвевлев гуфтааст, сеяки маблағи ин сармоягузорӣ аллакай давоми ду соли наздик сурат мегирад. «Ин иқдом ба беҳбуди назарраси сатҳи таъминоти ҷумҳурӣ бо газ мусоидат мекунад», – иброз доштааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки Русия таҳвилгари асосии маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Қирғизистону Тоҷикистон ба шумор меравад. Русия ва Қирғизистон ҳамасола тавозуни индикативии сӯзишвориро дар ҳаҷми 1 млн. тонна ба имзо мерасонанд. Соли 2016 низ ҳаҷми воридоти сӯзишвории бидуни пардохти боҷи содиротӣ дар ҳамин сатҳ боқӣ монд.

Бо Тоҷикистон низ Русия тавозуни индикативии сӯзишвориро барои соли 2016 ба имзо расонид, ки  ҳаҷми он чун соли гузашта 830 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, аммо соли 2015 аз ин ҳаҷм Тоҷикистон ҳамагӣ 560 ҳазор тонна сӯзишвории Русияро ворид кард.

Соли 2014 бошад, Русия ва Тоҷикистон дар бораи содироти 1 млн. тонна сӯзишворӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ аз Русия тавофуқ ҳосил намуда буданд, лекин ба Тоҷикистон ворид намудани ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин ҳаҷм муяссар гардид ва аз ин рӯ, давоми солҳои 2015-2016 ин ҳаҷм ба андозаи 20% кам карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.