Даргузашти собиқ вазири фарҳанг Султон Мирзошоев

Шаби 7 июн пас аз бемории начандон тӯлонӣ собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон ва собиқ роҳбари дастгоҳи президенти ҷумҳурӣ, ходима маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Султон Мирзошоев дар синни 85-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Тавре ба «Азия-Плюс» пайвандону наздикони марҳум хабар доданд, ҷасади Султон Мирзошоев имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда мешавад. […]



Шаби 7 июн пас аз бемории начандон тӯлонӣ собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон ва собиқ роҳбари дастгоҳи президенти ҷумҳурӣ, ходима маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Султон Мирзошоев дар синни 85-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Тавре ба «Азия-Плюс» пайвандону наздикони марҳум хабар доданд, ҷасади Султон Мирзошоев имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда мешавад.


Султон Мирзошоев

9 январи соли 1932 дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара таваллуд ёфтааст. Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб (1953), Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1963, мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ (Москав, 1966)-ро хатм кардааст.

Дар вазифаҳои Котиби якуми Комитети комсомолони шаҳри Кӯлоб, котиби дуюми Комитети ҲК ноҳияи Арал (ҳозира Восеъ, 1957-59), котиби якуми КМ комсомоли Тоҷикистон (1960), котиби Комитети ҲК ноҳияи Восеъ (1961-1964), ташкилотчии масъули КМ ҲҚ Тоҷикистон дар идораи минтақавии истеҳсолии Кӯлоб (1964), нозири шӯъбаи ташкилии ҳизбии КМ ҲҚ Тоҷикистон (1966-1967), Раиси Комитети давлатии кинематографияи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1967-1973), намояндаи доимии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар назди шӯрои Вазирони ИҶШС (1973-1979), Вазири маданияти ҶШС Тоҷикистон (1979-1987), сардори Идораи саёҳии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1987-1988), Раиси раёсати ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ (1988-1990), котиби якуми Комитети ҲК вилояти Кӯлоб (1990-1993), роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-1994), ноиби Президенти ҷамъияти саҳҳомии «Интурист»-и Тоҷикистон (1995-1997) ва Раиси маҷмааи давлатии «Коҳи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Султон Мирзошоев вакили Шӯрои Олӣ ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 6-11) кор кардааст.

 Дар фаъолияти адабиаш ӯ бисёр асарҳои ҷолиби хонданибоб эҷод кардааст. «Борис Кимёгаров» бо ҳамкории адиб Карим Давлат, қиссаҳои «Ҷонфидо» ва «Арзи дил», повести «Дуои сари роҳ» аз ҷумлаи онҳост. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.