Баррасии рафти татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону САҲА

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 7 июн бо сардори Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) сафир Марсел Пешко дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҳошияи ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва […]



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 7 июн бо сардори Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) сафир Марсел Пешко дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҳошияи ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонии САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо оид ба рӯзномаи Нишасти 10-уми Гурӯҳи мақсадноки Тоҷикистону САҲА, ки 8 июни соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст, табодули назар карданд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Душанбе

вохӯрии ҳамасолаи

Гурӯҳи мақсаднок дар мавзӯи «Нақши САҲА дар Тоҷикистон» доир мегардад. Вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи САҲА, Дафтари САҲА дар ҶТ ва ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шакли мизи гирд баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.