Ҳукми 6,5 соли зиндон барои кӯшиши пайвастан ба сафҳои Давлати исломӣ

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини 31-солаи шаҳри Душанбе Аҳлиддин Шайховро барои кӯшиши пайвастан ба сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ ба 6,5 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба маълумоти интишоршуда дар ин робита, маҳкумшуда зимни дар муҳоҷирати корӣ қарор доштан дар Русия ба даъвати шаҳрванди Тоҷикистон Қиёмиддин Рӯзалиев ва шаҳрванди Русия бо номи Муҳаммад ҷиҳати […]



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини 31-солаи шаҳри Душанбе Аҳлиддин Шайховро барои кӯшиши пайвастан ба сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ ба 6,5 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба маълумоти интишоршуда дар ин робита, маҳкумшуда зимни дар муҳоҷирати корӣ қарор доштан дар Русия ба даъвати шаҳрванди Тоҷикистон Қиёмиддин Рӯзалиев ва шаҳрванди Русия бо номи Муҳаммад ҷиҳати пайвастан ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломӣ розӣ мешавад.

Моҳи сентябри соли 2015 ӯ ҳамроҳи шаҳрванди Русия бо номи Салмон тариқи хатсайри ҳавоӣ аз Астрахан ба Истамбул мераванд. Дар фурудгоҳи Истамбул онҳоро як доғистонӣ бо исми Аҳмад пешвоз гирифта, то моҳи декабри ҳамин сол онҳоро аз нигоҳи равонӣ барои иштирок дар ҷиҳод омода мекунад.

Охири моҳи декабри соли гузашта Аҳлиддин Шайхов ва ҳамсафарони ӯро хадамоти махсуси Туркия ҳангоми убури ғайриқонунии марз бо Сурия боздошт кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.