Ҳалокати 2 духтари 6-сола зери чархи автомашина

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини 19-солаи ноҳияи Фархор рӯзи 7 июн зимни ҳаракат дар кӯчаи марказии ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинааш духтарчаи 6-соларо пахш мекунад, ки бар асари он духтарча ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба бемористон ҳалок шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳамин рӯз дар қаламрави ҷамоати […]



Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини 19-солаи ноҳияи Фархор рӯзи 7 июн зимни ҳаракат дар кӯчаи марказии ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинааш духтарчаи 6-соларо пахш мекунад, ки бар асари он духтарча ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба бемористон ҳалок шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳамин рӯз дар қаламрави ҷамоати Раҳмонови шаҳри Турсунзода низ як духтарчаи 6-сола зери чархи автомашинаи тамғаи «Хундай Соната», муталлиқ сокини 34-солаи ноҳияи мазкур монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.