Э.Раҳмон: Расадхонаи «Санглох» дар ҷаҳон беназир аст

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими дубора ба фаъолият оғоз намудани Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» дар ноҳияи Данғара иштирок кард. Зимни суханронӣ дар ин маросим сарвари давлат изҳор намуд, ки соли 1932 дар ҷумҳури аввалин расадхона таъсис дода шуд, ки дар заминаи он соли 1958 Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ташкил гардид. «Институт тайи […]



Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими дубора ба фаъолият оғоз намудани Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» дар ноҳияи Данғара иштирок кард.

Зимни

суханронӣ дар ин маросим

сарвари давлат изҳор намуд, ки соли 1932 дар ҷумҳури аввалин расадхона таъсис дода шуд, ки дар заминаи он соли 1958 Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ташкил гардид.

«Институт тайи беш аз ним аср бо мушоҳидаи объектҳои табиӣ ва сунъии кайҳонӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаву барномаҳои байналмилалӣ машғул шуда, омӯзиши сохти  метеорҳоро ба роҳ мондааст ва доир ба атмосфераи болоии Замин, кометаҳо, астероидҳо, ситораҳо ва галактика як силсила таҳқиқоти арзишманд ба анҷом расонидааст», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи президент, имрӯз дар Институти астрофизика се расадхонаи илмӣ – расадхонаи “Ҳисор” дар баландии 730 метр,

расадхонаи «Санглох»

дар баландии 2300 метр ва  расадхонаи «Помир» дар баландии 4350 метр дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд. Соли 1995 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба расадхонаи «Санглох»  мақоми байналмилалӣ дода шуд.

«Бахусус, расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох», ки дар масофаи тақрибан 150 километр дар ҷанубу шарқии шаҳри  Душанбе ҷойгир буда, соли 1977 таъсис ёфтааст, бо хусусияти ҷойгиршавӣ ва тарзи фаъолияти худ дар ҷаҳон беназир аст», – қайд кард сарвари мамлакат.

Гуфта мешавад, расадхонаи мазкур дорои телескопи нодире  мебошад, ки  соли 1980  аз кишвари Олмон оварда шудааст ва объектҳои андозаашон 10 сантиметрро дар масофаи 40 ҳазор километр аз сатҳи Замин дида метавонад. Соли 1985, дар вақти наздикшавии навбатии кометаи Галилей ба Офтоб, аксҳои нахустини он дар расадхонаи «Санглох» гирифта шуда буд.

Зикр мегардад, ки мавзеи ҷойгиршавии расадхона низ аз лиҳози амалияи илмӣ барои гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ ниҳоят мусоид мебошад, зеро дар ин мавзеъ шумораи шабҳои соф дар як сол ба  230 расида, акси ситораҳо ба воситаи телескопи ин расадхона хуб намудор мешавад.

«Ҳукумати Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардани ин расадхонаро дастгирии Академияи илмҳо ва умуман олимони кишвар меҳисобад ва минбаъд низ чунин иқдомоти вобаста ба пешрафти илмро ҷонибдорӣ менамояд», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.