Таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи рушди туризми дохилӣ»

Дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ рӯзи 7 июн ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва омодакунии лоиҳаи қонун «Дар бораи рушди туризми дохилӣ» доир гардид. Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ ба ҷуз вакилони мардумӣ, ҳамчунин намояндагони Вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ва Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ҳузур […]



Дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ рӯзи 7 июн ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва омодакунии лоиҳаи қонун «Дар бораи рушди туризми дохилӣ» доир гардид.

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ ба ҷуз вакилони мардумӣ, ҳамчунин намояндагони Вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ва Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ҳузур доштанд.

Бино ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов, зимни ҷаласа таъкид шудааст, ки имконоти туристии Тоҷикистон то ба имрӯз қариб истифоданашуда боқӣ монда, қабули қонуни зикршуда ба рушди зербинои сайёҳии кишвар, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ворид шудани даромади илдовагӣ ба буҷети давлатӣ мусоидат мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз 11 боб ва 65 модда иборат буда, аъзои гурӯҳи корӣ зикр кардаанд, ки барои мукаамалу пурра таҳия намудани он, бори дигар вохӯрдан зарур аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.