Қабули қонун «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ»



Дар

иҷлосияи имрӯзаи

палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қабули лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» дар таҳрири нав маъқул шуморида шуд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала яке аз муаллифони қонуни мазкур вакил Олим Салимзода изҳор намуд, ки дар муқоиса бо қонуни пешина, ки ҳанӯз соли 1993 қабул шуда буд, дар қонуни нав тамоми ихтилофҳо бартараф карда шудаанд.

Ғайр аз ин, дар қонуни нав тартиб ва қоидаҳои ҳамкории байнулмилалии кормандони бахши полиграфияи Тоҷикистон муқаррар шудаанд.

Дар қонуни қабулшуда барои кормандони соҳаи полиграфияи кишвар дар самти нашри китобҳои таблиғгари ақидаҳои террористӣ, миллатгароӣ, ифротгароӣ ва ҷудоиандозӣ ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо пешбинӣ шудааст.

Вакил таъкид дошт, ки замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ нашри китоб пас аз фурӯши машрубот аз рӯи ҳаҷм дуюмин сарчашмаи даромад ба буҷети давлатии кишвар маҳсуб меёфт.

spot_imgspot_img

Популярное