Муаррифии қарзи ипотекии «Спитамен Бонк» ба ширкати «Авитсенна»

“Спитамен Бонк” бо намояндагони ширкати “Авитсенна” вохӯрӣ гузаронида, дар рафти он дар бораи маҳсули нави худ – қарзи ипотекӣ маълумоти пурра пешниҳод намуд. Зимни вохӯрӣ бартариҳо ва шартҳои қарзӣ ипотекӣ, ки барои харид ва таъмири манзил пешбинӣ шудааст, муҳокима гардиданд. Ба намояндагони ҶСШК “Авитсенна” доир ба тамоми масъалаҳо маълумот дода шуда, мисолҳои мушаххас ва тавсияҳо […]

Иттилоияи расмӣ



“Спитамен Бонк” бо намояндагони ширкати “Авитсенна” вохӯрӣ гузаронида, дар рафти он дар бораи маҳсули нави худ – қарзи ипотекӣ маълумоти пурра пешниҳод намуд. Зимни вохӯрӣ бартариҳо ва шартҳои қарзӣ ипотекӣ, ки барои харид ва таъмири манзил пешбинӣ шудааст, муҳокима гардиданд.

Ба намояндагони ҶСШК “Авитсенна” доир ба тамоми масъалаҳо маълумот дода шуда, мисолҳои мушаххас ва тавсияҳо оид ба усулҳои беҳтари ҳалли масоил ҳангоми кор бо қарзҳои ипотекӣ пешниҳод гаштанд. Инчунин қайд гардид, ки қарз на танҳо барои хариди манзилҳои истиқоматӣ, балки барои сохтани хона ва ширкат кардан дар сохтмони шарикӣ низ дода мешавад.

“Мо аз пайдо шудани ин имконияти хуби тоза барои мизоҷонамон хушнудем. Аз тарафи худамон, гумон мекунам, метавонем ҳамроҳи шарикони сохтмон кӯшиш кунем, моли ғайриманқули барои харид муқарраршуда ҳамчун гарав қабул гардад, чунки, барои шахсоне, ки соҳиби амволи ғайриманқул нестанд, ин яке аз масъалаҳои душвор ба ҳисоб меравад. Пештар мо чунин қарздиҳиро дар ширкатҳои молиявии дигар баррасӣ карда будем, аммо чунин шароитҳои муносибро дар ягон ҷо, ғайр аз “Спитамен Бонк”, ба мо пешниҳод накарда буданд. Умедворам, ки ин танҳо қадами аввалин дар ин соҳа мебошад ва дар ояндаи наздик харидани хонаи худ боз ҳам осонтар мегардад”, – гуфт, баъд аз вохӯрӣ, директори тиҷоратии ҶСШК “Авитсенна” Комил Холиқов.

ҶСШК “Авитсенна” яке аз ширкатҳои муваффақест, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва сохтмони манзилҳои истиқоматии бисёрошёна фаъолият мекунад. Сохтмони манзилҳои истиқоматӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ширкат мебошад. Мувофиқи нақша солҳои 2016-2017 “Авитсенна” 104 ҳазор метри мураббаъ масоҳати манзилро ба истифода медиҳад. Имрӯз ширкат се лоиҳаи калони сохтмони маҷмааи манзили истиқоматии элитавиро дар қисми марказии Душанбе амалӣ месозад: “Ватан”, “Ҳушанг” ва “Симурғ”. Ҳар як маҷмааа аз 16 то 24 ошёна дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.