Дастгирии расмии Барак Обама аз номзадии Ҳиллари Клинтон



Президенти амалкунандаи ИМА Барак Обама номзадии ҳамсафи худ аз Ҳизби демократ Ҳиллари Клинтнро  дар маъракаи пешазинтихоботӣ расман дастгирӣ кард

.

Дар навори видеоии таблиғии рӯзи чоршанбе интишоршуда Барака Обама изҳор доштааст, ки то кунун чунин номзади касбии омодашуда ба мақоми раиси ҷумҳури ИМА рӯйи кор наомада будааст.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, Барак Обама ба хонум Клинтон занг зада ва ӯро барои ба даст овардани “ҳимояти кофии номзадҳои ҳизб” табрик гуфтааст. Берни Сандерс, рақиби Ҳиллари Клинтон ҳанӯз шикасташро дар рақобат барои ноил шудан ба унвони номзади Ҳизби демократ эътироф накардааст.

Гуфта мешавад, акнун Ҳиллари Клинтонро як маъракаи панҷмоҳаи интихоботӣ ва рақобат бо Доналд Трамп, номзади эҳтимолии Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико интизор аст. Интихоботи раиси ҷумҳурӣ дар кишвар рӯзи 8-уми ноябр баргузор мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное