Суғд: Ҳукми 24 соли зиндон барои таҷовуз ба номус ва қатли ҳамсоя

Суди вилояти Суғд сокини 46-солаи ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом Абдушукур Абдуллоевро барои таҷовуз ба номус ва қатли зани 54-сола ба 24 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Судяи вилояти Суғд, ҳамзамон раиси ин мурофиа Анвар Воситзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маҳкумшуда мутобиқи моддаҳои 255, қ. 1 (Барқасдона нобуд кардан ё зарар […]



Суди вилояти Суғд сокини 46-солаи ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом Абдушукур Абдуллоевро барои таҷовуз ба номус ва қатли зани 54-сола ба 24 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Судяи вилояти Суғд, ҳамзамон раиси ин мурофиа Анвар Воситзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маҳкумшуда мутобиқи моддаҳои 255, қ. 1 (Барқасдона нобуд кардан ё зарар расонидан ба амволи каси бегона, ки боиси зарари зиёд шудааст), 138, қ. 1 (Таҷовуз ба номус) ва 104, қ. 2 (Куштори бо бераҳмии махсус содиршуда)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста шудааст.

Ба гуфтаи судя, моҳи феврали соли 2016 дар бошишгоҳи саҳроии мавзеи Тукайи ноҳияи Конибодом Абдушукур Абдуллоев дар ҳолати мастӣ ба бошишгоҳи саҳроии ҳамсояаш, зани 54-сола А.С. ворид шуда, бинобар сабаби адоват доштан нисбати ӯ, нахуст занро латукӯб ва сипас ба номусаш таҷовуз карда, бо тахта чандин маротиба ба сараш зарба мезанад, ки бар асари он зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Зимнан зикр гардид, ки кормандони мақомоти интизомӣ ҳамсояи сархушу мастро каме дуртар аз ҷойи ҳодиса дастгир кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.