Мусодираи беш аз 10 кило ҳашиш дар пойтахт



Зимни як амалиёти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе, нашъаҷаллобон бо миқдори калони маводи нашъаовар боздошт шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, бо дастрас шудани маълумоти оперативӣ маълум шудааст, ки ду нафар сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ният доштаанд маводи нашъаоварро аз вилояти Хатлон тавассути пойтахт ба вилояти Суғд, баъдан берун аз ҷумҳурӣ ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия интиқол диҳанд.

Гуфта мешавад, барои ҷилавгирӣ намудан аз ин нияти нопок аз тарафи кормандони фаврии Агентӣ дар пойтахт амалиёти махсус ташкил ва гузаронида шуда, дар кӯчаи Неъмат Қаробоев ду нафар нашъаҷаллоб дастгир ва аз онҳо як дона сумкаи варзишӣ мусодира гардидааст, ки дар дохили он 11 адад бастаи печида бо 10 килою 220 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ, ки бо интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд, тадбирҳо андешида шуда, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное