Р.Зойиров аз президент «ислоҳи вазъ»-ро хостор шуд



Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ тайи як муроҷиатнома ба Эмомалӣ Раҳмон, “хостори ислоҳи вазъ” дар кишвар шудааст.

Бо дастрасӣ ба ин муроҷиатнома рӯзи 15-уми июн

Радиои Озодӣ

менависад, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтааст, ки пас аз омӯзиши ҳамаҷониба оид ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар, зурур шуморидааст, ки барои ислоҳи вазъ ба раиси ҷумҳур муроҷиат кунад. Дар муроҷиатномаи Раҳматило Зоиров аз ҷумла гуфта мешавад, ки “Тоҷикистон шадидан ба коҳиши ташаннуҷи вазъи геополитикӣ ва ба хусус сиёсати дохилӣ, ниёз дорад.”

Ба гуфтаи оқои Зоиров, вазъи имрӯзаи иҷтимоӣ ва идеологии Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор дорад ва вазъи сиёсати геополотикӣ ва дохилии кишварро тира карда ва ҳатто хатти сиёсати берунаи кишварро то андозе аз масираш хориҷ карда ва ҷомеаи Тоҷикистонро ба ду лагер ҷудо кардааст.

Тавре дар муроҷиатнома омадааст, “як гурӯҳ худро ҳақ шуморида, даст ба сина мезанад ва бахши дигар “аз бало ҳазар” гуфта, хомӯширо пеша кардаанд”. Ба гуфтаи Зоиров, “ҳаводиси 2 соли ахири дохили кишвар, баёнгари ин нуктаҳост.”

Ба эътиқоди Раҳматилло Зоиров, “дастоварди муҳими Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, ин оштии миллӣ ва ҷашни Рӯзи ваҳдат мебошад, ки мо ифтихор мекардем, аммо имрӯз ин ид вуҷуд надорад.”

Ин аст. ки раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз раиси ҷумҳур хоҳиш кардааст, ки ин ҷашни миллиро ба мардуми Тоҷикистон ба шакли комил баргардонад: “Бо бовари том мегӯям, ки барои ба даст овардани мусолиҳаи миллӣ ва барои он, ки ба мардум сулҳ бахшида шавад ва эътимод ба мусолиҳа бештар шавад, қадамҳои фаротари шаффоф ва инсонпарварона бояд гузошт.”

Аз ин хотир, Раҳматилло Зоиров пешниҳод кардааст, ки маҳкумшудҳое чун Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов ва фаъолони ҲНИТ, ки ба гуфтаи ӯ, шахсан ба ҷиноят даст назадаанд, ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти кишвар, афв шаванд.

“Ба шумо ҷаноби президент ҳамчун чеҳраи баландмақоми кишвар бо такя ба моддаи 64-и Қонуни асосӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунам, ки ба таври оҷил ташаннуҷи геополитикӣ ва вазъи сиёсати дохили кишварро коҳиш диҳед ва бар асоси ҳамкориҳои созанда, ҷашни Рӯзи ваҳдати миллиро ҳамаҷониба ба мардуми кишвар баргардонед”,- омадааст дар поёни ин муроҷиатнома.

spot_imgspot_img

Популярное