Узвияти Тоҷикистон ба Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ

Дар Маҷмаи Умумии Созмони Милалаи муттаҳид рӯзи 14 июн  барои узвият дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ интихобот баргузор гардид, ки дар рафти он 18 аъзои нави Шӯрои мазкур интихоб гардиданд. Тавре аз намояндагии Тоҷикистон дар СММ иттилоъ доданд, дар овоздиҳӣ аз 193 кишвари аъзо 185 кишвар ширкат намудаанд. Тоҷикистон, ки дар қатори Хитой, Аморати […]

ASIA-Plus



Дар Маҷмаи Умумии Созмони Милалаи муттаҳид рӯзи 14 июн  барои узвият дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ интихобот баргузор гардид, ки дар рафти он 18 аъзои нави Шӯрои мазкур интихоб гардиданд.

Тавре аз намояндагии Тоҷикистон дар СММ иттилоъ доданд, дар овоздиҳӣ аз 193 кишвари аъзо 185 кишвар ширкат намудаанд.

Тоҷикистон, ки дар қатори Хитой, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Корея дар Гуруҳи Осиё ва Уқёнуси Ором қарор дорад, соҳиби 183 овоз гардида, бори аввал дар таърихи худ ба узвияти Шӯрои мазкур барои солҳои 2017-2018 интихоб шуд.

Дар баробари Тоҷикистон аз Гуруҳи Осиё ва Уқёнуси Ором, инчунин Хитой бо 182 овоз, Аморати Муттаҳидаи Араб бо 180 ва Ҷумҳурии Корея бо 179 овоз интихоб гардиданд.

Илова бар ин аз гурӯҳҳои дигари минтақавӣ номзадиҳои Норвегия бо 177, Венесуеэла бо 177, Шветсия бо 176, Озарбойҷон бо 176, Федератсияи Россия бо 169, Британияи Кабир бо 172, овоз ва ғ. ба узвияти Шӯрои мазкур интихоб шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.