Ӯзбекистон марзҳояш бо Тоҷикистонро баст

Аз 15 то 25 июн Ӯзбекистон вуруди шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба қаламрави кишварашро бозмедорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ки ин тадбир ба он хотир рӯйи кор омадааст, ки рӯзҳои 23-24 июн дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд нишасти […]

ASIA-Plus



Аз 15 то 25 июн Ӯзбекистон вуруди шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба қаламрави кишварашро бозмедорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ки ин тадбир ба он хотир рӯйи кор омадааст, ки рӯзҳои 23-24 июн дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад ва ин яке аз тадбирҳои таъмини амният зимни баргузории ин чорабинӣ унвон мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд, Ӯзбекистон чунин тадбирро дар марзҳояш бо Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Туркманистон низ роҳандозӣ намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.