Буҳрон интиқоли пули муҳоҷиронро 4 маротиба кам кард

Бонки марказии Русия иттилоъ медиҳад, ки семоҳаи аввали соли 2016 ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба кишварҳои узви ИДМ ҳамагӣ 914 млн.доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали давраи тобӯҳронии соли 2014 (3,3 млрд доллари ИМА) қариб 4 маротиба камтар аст. Нашрияи Коммерсантъ менависад  , дар зарфи 2 сол […]

ASIA-Plus



Бонки марказии Русия иттилоъ медиҳад, ки семоҳаи аввали соли 2016 ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба кишварҳои узви ИДМ ҳамагӣ 914 млн.доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали давраи тобӯҳронии соли 2014 (3,3 млрд доллари ИМА) қариб 4 маротиба камтар аст.

Нашрияи Коммерсантъ

менависад

 , дар зарфи 2 сол ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз 644 млн. доллари ИМА дар семоҳаи аввали соли 2014 то ба 103 млн. доллари ИМА дар семоҳаи аввали соли равон коҳиш ёфтаанд, ки сатҳи камшавӣ 6,3 маротибаро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар интиқоли пул аз Русия  миёни кишварҳои узви ИДМ Ӯзбекистон пешсаф аст, ки тӯли се моҳи соли 2016 аз Русия ба ин кишвар 256 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли 2014 – 910 млн. доллари ИМА ва коҳиш – 3,5 маротиба) маблағи пулӣ фиристода шудааст.

Дар зинаи дуюм Қирғизистон қарор дорад, ки дар ин давра аз Русия ба ин кишвар 150 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли 2014 – 386 млн. доллари ИМА ва коҳиш – 2,6 маротиба) маблағи пулӣ интиқол дода шудааст.

Зинаи сеюмро Украина ишғол намуда, ҳаҷми интиқоли пул дар се моҳ ба ин кишвар 137 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли 2014 – 543 млн. доллари ИМА ва коҳиш 4 маротиба)-ро ташкил додааст. Муворфиқи нишондиҳандаҳои дар боло зикршуда Тоҷикистон дар зинаи 4-ум қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.