Ду маҳбуси фирорӣ кушта ва як нафар захмӣ шуд



Шоми рӯзи 17 июн аз муассисаи ислоҳии 3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати  адлияи Тоҷикистон  воқеъ дар  шаҳри Хуҷанд маҳбусон – Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсупов ва Мирзозариф Қаюмов к



ӯшиши фирор намуданд.

Рамзуллохон Додохонови 28-сола, сокини шаҳри Исфара барои ҷиноятҳои характери террористидошта ба мӯҳлати 20 сол, Ҳабибҷон Юсупови 36-сола, сокини шаҳри Хуҷанд барои роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ  ба мӯҳлати 20 сол ва Мирзозариф Қаюмов сокини шаҳри Хуҷанд барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта ба мӯҳлати 14 соли зиндон маҳкум шуда буданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, онҳо бо маслиҳати пешакӣ кӯшиши фирор аз муассисаи ислоҳиро намуда, ҳангоми фирор яке аз онҳо Мирзозариф Қаюмов дар ҷои ҳодиса аз тарафи посбонони муассиса бо истифодаи силоҳи оташфишон нобуд карда шуд. Ҳабибҷон Юсупов бо зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир карда шуда, Рамзуллохон Додохонов баъди зарари ҷисмонӣ бардоштан аз ҷои ҳодиса ғайб зад.

Рӯзи 19 июн дар натиҷаи гузаронидани амалиёти якҷояи ВКД, КДАМ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҳбуси фирорӣ Рамзуллохон Додохонов ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан, аз силоҳи оташфишон аз ҷониби мақомотҳои дар боло зикргардида безарар гардонида шуд.

Ҳангоми фирор онҳо Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбасро бо корд захмӣ карда, ӯ дар роҳ ба бемористон ҳалок мешавад.  Алимамадови 52–сола зодаи рустои Балҷуви ноҳияи Рушони ВМКБ буда, аз собиқадорони муассиса аст. Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, ҷасади полковник Ёрмамад Алимамадов рӯзи 19-уми июн дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Хоруғ ба хок супурда шуд.

Маҳбуси захмишуда, ки дар бемористони зиндон қарор дорад, гуфтааст, онҳо ният доштаанд, ки пас аз фирор ба сафҳои Давлати исломӣ бипайванданд.

spot_imgspot_img

Популярное