Ду маҳбуси фирорӣ кушта ва як нафар захмӣ шуд

Шоми рӯзи 17 июн аз муассисаи ислоҳии 3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати  адлияи Тоҷикистон  воқеъ дар  шаҳри Хуҷанд маҳбусон – Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсупов ва Мирзозариф Қаюмов к ӯшиши фирор намуданд. Рамзуллохон Додохонови 28-сола, сокини шаҳри Исфара барои ҷиноятҳои характери террористидошта ба мӯҳлати 20 сол, Ҳабибҷон Юсупови 36-сола, сокини шаҳри Хуҷанд барои роҳзанӣ бо […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи 17 июн аз муассисаи ислоҳии 3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати  адлияи Тоҷикистон  воқеъ дар  шаҳри Хуҷанд маҳбусон – Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсупов ва Мирзозариф Қаюмов к



ӯшиши фирор намуданд.

Рамзуллохон Додохонови 28-сола, сокини шаҳри Исфара барои ҷиноятҳои характери террористидошта ба мӯҳлати 20 сол, Ҳабибҷон Юсупови 36-сола, сокини шаҳри Хуҷанд барои роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ  ба мӯҳлати 20 сол ва Мирзозариф Қаюмов сокини шаҳри Хуҷанд барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта ба мӯҳлати 14 соли зиндон маҳкум шуда буданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, онҳо бо маслиҳати пешакӣ кӯшиши фирор аз муассисаи ислоҳиро намуда, ҳангоми фирор яке аз онҳо Мирзозариф Қаюмов дар ҷои ҳодиса аз тарафи посбонони муассиса бо истифодаи силоҳи оташфишон нобуд карда шуд. Ҳабибҷон Юсупов бо зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир карда шуда, Рамзуллохон Додохонов баъди зарари ҷисмонӣ бардоштан аз ҷои ҳодиса ғайб зад.

Рӯзи 19 июн дар натиҷаи гузаронидани амалиёти якҷояи ВКД, КДАМ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҳбуси фирорӣ Рамзуллохон Додохонов ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан, аз силоҳи оташфишон аз ҷониби мақомотҳои дар боло зикргардида безарар гардонида шуд.

Ҳангоми фирор онҳо Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбасро бо корд захмӣ карда, ӯ дар роҳ ба бемористон ҳалок мешавад.  Алимамадови 52–сола зодаи рустои Балҷуви ноҳияи Рушони ВМКБ буда, аз собиқадорони муассиса аст. Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, ҷасади полковник Ёрмамад Алимамадов рӯзи 19-уми июн дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Хоруғ ба хок супурда шуд.

Маҳбуси захмишуда, ки дар бемористони зиндон қарор дорад, гуфтааст, онҳо ният доштаанд, ки пас аз фирор ба сафҳои Давлати исломӣ бипайванданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.