Тайи 15 соли ахир шумори гурезаҳо дар ОМ аз 100 ҳазор то 3 ҳазор нафар кам шуд



Зимни конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии гурезагон дар Алмаато мушовири минтақавии Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон Чизу Матсушита изҳор намуд, ки шумори гурезагон тайи 15 соли ахир дар Осиёи Марказӣ (ОМ) аз 100 ҳазор то 3 ҳазор нафар кам шуд.

– Баъди рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъ дар кишварҳо, шумори зиёди одамон ба ватан баргашта, ҳамчунин аксарият ба кишварҳои сеюм кӯч бастанд. Афроде низ ҳастанд, ки бо оилаҳои худ пайваста, ба дигар кишварҳо рафтанд. Бисёре аз гурезагон шаҳрвандии кишварҳоеро пазируфтанд, ки онҳоро қабул кард. Масалан, гурезаҳо аз Тоҷикистон, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ ба дигар кишварҳо кӯч баста буданд, шаҳрвандии Қирғизистон, Туркманистон ва дигар кишварҳоро пазируфтанд, – гуфтааст Чизу Матсушита.

Соли 2000 Ассамблеяи генералии СММ дар бораи таъсиси Рӯзи умумиҷаҳонии гурезаҳо (паноҳандагон) қарор қабул карда, аз соли 2001 ин рӯз санаи 20 июн ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯз дар саросари ҷаҳон ҳудуди 60 млн. нафар афроди ба дигар кишварҳо кӯчбаста кору зиндагӣ мекунанд. Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии гурезаҳо мардуми саросари сайёра, шурӯъ аз хизматчиёни давлативу кормандони созмонҳои башардӯстона, шаҳрвандони қаторӣ ва афроди маъруф то ба худи паноҳандагон шахсонеро ба ёд меоранд, ки аз таъқиботу зӯроварӣ маҷбуран рӯ ба фирор оварданд.

Мо бар ин назарем, ки тамоми гурезагон шоистаи таъмини амният дар кору зиндагӣ мебошанд. Дар ин санаи муҳим Раёсати Комиссари олӣ оид ба умури гурезагони СММ аз маъракаи #WithRefugees дастгирӣ мекунад. Хоҳишмандем бо имзои муроҷиатнома дар сомонаи

http://www.refugeeday.org

,  Шумо ҳам моро дастгирӣ намоед.

spot_imgspot_img

Популярное