«Озодӣ»: Русия ду узви гурӯҳи генерали ошӯбгарро ба ихтиёри Тоҷикистон супурд

Интерпол Мирзо Мукаммилов, ронандаи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва бародари ӯ Қаноат Мукаммиловро дар шаҳри Қазони Русия боздошт ва аллакай ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супурдаааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад. Ин ду нафар аз ҷумлаи панҷ бародар аз хонаводаи Мукаммиловҳо ҳастанд, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳи муовини пешини вазири дифоъ ва пинҳон […]

Радиои Озодӣ



Интерпол Мирзо Мукаммилов, ронандаи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва бародари ӯ Қаноат Мукаммиловро дар шаҳри Қазони Русия боздошт ва аллакай ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супурдаааст. Дар ин бора

Радиои Озодӣ

иттилоъ медиҳад.

Ин ду нафар аз ҷумлаи панҷ бародар аз хонаводаи Мукаммиловҳо ҳастанд, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳи муовини пешини вазири дифоъ ва пинҳон кардани таппончаҳои шахсии ӯ муттаҳам мешаванд. Дар пайи истирдоди ин ду бародар наздик ба даҳ тани дигар ба гумони ёрӣ ба фирори онҳо низ боздошт шудаанд. Боздоштшудаҳо ба он муттаҳам мешаванд, ки то замони фирорашон ба хориҷи кишвар бо ин бародарон робита доштаанд.

Дар моҳи октябри соли гузашта мақомот бародарон Садриддин, Наҷмиддин ва Муборак Мукаммиловҳоро боздошт карда буданд, вале Мирзо ва Қаноат, ду бародари дигар таҳти пайгард қарор доштанд.

Ҳусниддин Раззоқов, як тан аз наздикони ин хонавода, 20 июн ба Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта ба онҳо хабар расид, ки Қаноат ва Мирзо Мукаммиловҳоро аз шаҳри Қазони Тотористони Русия ба Тоҷикистон овардаанд. Ӯ гуфт, ки аз замони фирор пайвандонаш бо онҳо ҳеч тамос надоштанд.

Мақомоти Тоҷикистон 5 бародар аз як хонаводаи сокини ноҳияи Шоҳмансурро ба пинҳон кардани туфангчаҳои Абдуҳалим Назарзода ва ҳамкорӣ бо ӯ айбдор медонанд. Мирзо Мукаммилови 43-соларо мақомот ронандаи шахсии Абдуҳалим Назарзода муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ бародарони худро шомили гурӯҳи генерали ошӯбгар кардааст.

Наҷмиддин Мукаммилов, яке аз ин бародарон дар гузашта ронандаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов будааст.

Бародарҳо дар ҳоле ба ҷинояткорӣ муттаҳам шуданд, ки аввали моҳи октябри соли гузашта кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур се сокини ин ноҳияро бо ҷурми нигаҳ доштани ду туфангча ва 20 дона тирдон боздошт карданд ва онҳо шоҳидӣ додаанд, ки туфангчаҳоро бо тирдон аз Мукаммиловҳо гирифтаанд. Як манбаи наздик ба тафтиши қазия гуфта буд, “таҳқиқ нишон дод, ки ин ду туфангча бе восита ба худи Абдуҳалим Назарзода тааллуқ доранд ва якеи онро вазорати дифоъ ба ӯ додааст.”

Ин манбаъ мегӯяд, ҳоло се тан аз ин бародарон бо моддаи 195-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳ” айбдор мешаванд. Парвандаи онҳо ҳамчун узви гурӯҳи таъсисдодаи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа, ки рӯзи 4 сентябр даст ба ошӯби мусаллаҳона зад, таҳқиқ мешавад.

Сангина Каримова, модари 74-солаи Мукаммиловҳо рӯзи 4 декабри соли гузашта ба Озодӣ гуфта буд, ки на ҳамаи писарони ӯ ба гурӯҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” шомил буданд. Ӯ аз мақомот дархост дорад, ки писарони бегуноҳашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намоянд. “Фақат як писарам нофаҳмида пистолетҳоро дидааст. Дигаронаш ҳеч гуноҳ надоранд. Хоҳиш дорам, ки корро аз рӯи адолат бинанд ва писаронамро раҳо кунанд. Як хонаи калонам бебача мондааст. Дар сари пирӣ метарсам, ки бе писаронам мемирам,” – таъкид дошта буд ӯ.

Ин панҷ бародар то ҳуҷуми моҳи сентябр ба пойгоҳҳои низомӣ, ки мақомот генерал Назарзодаро аз тарроҳони он эълон кардаанд, дар маҳалли Қаротегини шаҳри Душанбе зиндагӣ мекарданд. Хонаводаи Назарзода низ дар ҳамон маҳалла зиндагӣ мекунад.

Рӯзи 4 сентябри соли гузашта дар Душанбе ва Ваҳдат бар асари як ҳамла 9 тан аз кормандони пулис кушта шуданд. Мақомот ин ҳуҷумро кори дасти Абдуҳалим Назарзода, ки он замон муовини вазири дифои Тоҷикистон буд, донистанд. Амалиёт зидди гурӯҳи ӯ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард ва бо кушта шудани Абдуҳалим Назарзода ва чанд тан аз ҳамроҳонаш поён ёфт.

Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки Назарзода як гурӯҳи беш аз 300-нафарӣ таъсис дода, қасди табадулоти давлатӣ доштааст. Тибқи иттилои расмӣ, наздик ба 200 нафари узви гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шудаанд ва баррасии парвандаи онҳо паси дарҳои баста сурат мегирад. То кунун ду нафари онҳо ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.