Ҷавобгарии ҷиноӣ барои ронандагони сархуш



Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуд.

Зимни шарҳи масъала ба вакилон муовини аввали вазири корҳои дохилиии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода қайд кард, ки тағйироту иловахо ба пурзӯр кардани тадбирҳо нисбати ронандагоне, ки бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ сари чамбарак менишинанд ё дар ҳолати сархушиву мастӣ аз машрубот сари чамбарак қарор доранд ва ё бо рақамҳои бегонаву сохтаи давлатӣ автомашина меронанд, равона шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, беш аз 85% қонуншиканиҳо дар ҷумҳурӣ бо истифода аз автомашинаҳо содир шуда, соли гузашта шумори онҳо беш аз 2,5 млн. ададро ташкил додааст. «Шахсоне, ки бо рақамҳои бегонаву сохтаи давлатӣ автомашина меронанд, ба ин васила барои вайрон кардани қоидахои ҳаракат дар роҳ ҷарима пардохт карданӣ нестанд», – гуфт номбурда.

А.Аламшозода зикр кард, ки мутобиқи тағйироту иловаҳо, ҳаҷми ҷарима барои қонуншиканиҳои дар боло зикршуда афзуда мешаванд ва агар ин амалҳо такроран содир гарданд, пас шахсони қонуншиканро метавон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид.

Дар ҳамин ҳол, ӯ аз ифшои навъу ҳаҷми ҷаримаҳо ва муҳлатҳои аз озодӣ маҳрум сохтани ронандагон барои содир кардани ин амалҳо худдорӣ варзид. 

spot_imgspot_img

Популярное