Ҷавобгарии ҷиноӣ барои ронандагони сархуш

Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуд. Зимни шарҳи масъала ба вакилон муовини аввали вазири корҳои дохилиии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода қайд кард, ки тағйироту иловахо ба пурзӯр кардани тадбирҳо нисбати ронандагоне, ки бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ сари чамбарак менишинанд ё дар ҳолати сархушиву […]

ASIA-Plus



Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуд.

Зимни шарҳи масъала ба вакилон муовини аввали вазири корҳои дохилиии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода қайд кард, ки тағйироту иловахо ба пурзӯр кардани тадбирҳо нисбати ронандагоне, ки бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ сари чамбарак менишинанд ё дар ҳолати сархушиву мастӣ аз машрубот сари чамбарак қарор доранд ва ё бо рақамҳои бегонаву сохтаи давлатӣ автомашина меронанд, равона шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, беш аз 85% қонуншиканиҳо дар ҷумҳурӣ бо истифода аз автомашинаҳо содир шуда, соли гузашта шумори онҳо беш аз 2,5 млн. ададро ташкил додааст. «Шахсоне, ки бо рақамҳои бегонаву сохтаи давлатӣ автомашина меронанд, ба ин васила барои вайрон кардани қоидахои ҳаракат дар роҳ ҷарима пардохт карданӣ нестанд», – гуфт номбурда.

А.Аламшозода зикр кард, ки мутобиқи тағйироту иловаҳо, ҳаҷми ҷарима барои қонуншиканиҳои дар боло зикршуда афзуда мешаванд ва агар ин амалҳо такроран содир гарданд, пас шахсони қонуншиканро метавон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид.

Дар ҳамин ҳол, ӯ аз ифшои навъу ҳаҷми ҷаримаҳо ва муҳлатҳои аз озодӣ маҳрум сохтани ронандагон барои содир кардани ин амалҳо худдорӣ варзид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.