Гумонбарии ҳамватанон ба куштори курсанти тоҷик дар Иркутск



Дар куштори донишҷӯи соли дуввуми Институти Сибири Шимолии ВКД Россия Саидшоҳ Исломови 20-сола дар шаҳри Иркутск ду шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба иттилои

сомонаи

  Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти ФР дар вилояти Иркутск, тибқи фарзияи тафтишот, шоми рӯзи 12 июн дар ҷангалзори мавзеи истгоҳи нақлиёти ҷамъиятии «6 поселок ГЭС»-и микрорайони Юбилейнии шаҳри Иркутск гумонбаршудагон бо чандин зарбаҳои корд ҷавонро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

«Рӯзи 17 июн зимни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тадбирҳои тафтишотӣ ду нафар гумонбаршудгон дар кушторро кормандони мақомоти пулис дар шаҳри Красноярск боздошт намуданд. Ҳарду боздоштшудагон зодаи Тоҷикистон мебошанд. Айни замон онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд. Ба муфаттишон онҳо гуфтаанд, ки бинобар сабаби хусумати шахси доштан ба Саидшоҳ Исломов ба ин ҷиноят даст задаанд. Тафтиши парвандаи ҷиноӣ идома дорад», – гуфта мешавад дар сомона.

Аввали ҳафта сафорати Тоҷикистон дар Россия

иттилоъ дода буд

, ки бинобар зарурати тафтишотӣ, номҳои боздоштшудагон аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ифшо нашудааст.

spot_imgspot_img

Популярное