Гумонбарии ҳамватанон ба куштори курсанти тоҷик дар Иркутск

Дар куштори донишҷӯи соли дуввуми Институти Сибири Шимолии ВКД Россия Саидшоҳ Исломови 20-сола дар шаҳри Иркутск ду шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд. Бино ба иттилои сомонаи   Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти ФР дар вилояти Иркутск, тибқи фарзияи тафтишот, шоми рӯзи 12 июн дар ҷангалзори мавзеи истгоҳи нақлиёти ҷамъиятии «6 поселок ГЭС»-и микрорайони Юбилейнии шаҳри Иркутск […]

ASIA-Plus



Дар куштори донишҷӯи соли дуввуми Институти Сибири Шимолии ВКД Россия Саидшоҳ Исломови 20-сола дар шаҳри Иркутск ду шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба иттилои

сомонаи

  Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти ФР дар вилояти Иркутск, тибқи фарзияи тафтишот, шоми рӯзи 12 июн дар ҷангалзори мавзеи истгоҳи нақлиёти ҷамъиятии «6 поселок ГЭС»-и микрорайони Юбилейнии шаҳри Иркутск гумонбаршудагон бо чандин зарбаҳои корд ҷавонро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

«Рӯзи 17 июн зимни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тадбирҳои тафтишотӣ ду нафар гумонбаршудгон дар кушторро кормандони мақомоти пулис дар шаҳри Красноярск боздошт намуданд. Ҳарду боздоштшудагон зодаи Тоҷикистон мебошанд. Айни замон онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд. Ба муфаттишон онҳо гуфтаанд, ки бинобар сабаби хусумати шахси доштан ба Саидшоҳ Исломов ба ин ҷиноят даст задаанд. Тафтиши парвандаи ҷиноӣ идома дорад», – гуфта мешавад дар сомона.

Аввали ҳафта сафорати Тоҷикистон дар Россия

иттилоъ дода буд

, ки бинобар зарурати тафтишотӣ, номҳои боздоштшудагон аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ифшо нашудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.