Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шуморид.
Мутобиқи тағйироту иловаҳо, минбаъд дар Тоҷикистон ҳамасола санаи 29 сентябр ҳамчун Рӯзи дипломати тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ин сана бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.
Дар парлумони кишвар изҳор карданд, ки санаи 29 сентябр тасодуфӣ интихоб нашудааст, зеро дар ин рӯзи соли 1993 сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷик аз минбари Ассамблеяи генералии СММ дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ кард.





