Шаҳрванди Тоҷикистон Амонулло Яҳёхӯҷаевро мақомоти интизомии шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 318, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ин кишвар (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият) айбдор медонанд.
Бино ба
иттилои
MR7.ru, мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки айбдоршаванда зимни идораи автомашинаи тамғаи Opel, нозири Раёсати ВКД дар ноҳияи Маскавро пахш намуда, баъди ин ӯро ба масофаи 50 метр дар қисмати болои автомашинааш (капоташ) кашола карда бурдааст, ки бар асари он корманди пулис ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштааст.
Гуфта мешавад, ронанда кӯшиш кардааст, ки аз ҷойи ҳодиса гурехта, аз масъулияти маъмурӣ оид ба фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир сарпечӣ намояд.
Зимнан зикр мегардад, ки парванда ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан ба суд фиристода шудааст.





