Сокини Тоҷикистон корманди пулиси Питерро болои капоти мошинаш кашола кард

Шаҳрванди Тоҷикистон Амонулло Яҳёхӯҷаевро мақомоти интизомии шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 318, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ин кишвар (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият) айбдор медонанд. Бино ба иттилои MR7.ru, мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки айбдоршаванда зимни идораи автомашинаи тамғаи Opel, нозири Раёсати ВКД дар ноҳияи Маскавро пахш намуда, баъди ин ӯро […]

ASIA-Plus



Шаҳрванди Тоҷикистон Амонулло Яҳёхӯҷаевро мақомоти интизомии шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 318, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ин кишвар (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият) айбдор медонанд.

Бино ба

иттилои

MR7.ru, мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки айбдоршаванда зимни идораи автомашинаи тамғаи Opel, нозири Раёсати ВКД дар ноҳияи Маскавро пахш намуда, баъди ин ӯро ба масофаи 50 метр дар қисмати болои автомашинааш (капоташ) кашола карда бурдааст, ки бар асари он корманди пулис ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштааст.

Гуфта мешавад, ронанда кӯшиш кардааст, ки аз ҷойи ҳодиса гурехта, аз масъулияти маъмурӣ оид ба фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир сарпечӣ намояд.

Зимнан зикр мегардад, ки парванда ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан ба суд фиристода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.