Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров пагоҳ, 30 июн аз фаъолияти палатаи поёнии парлумон дар иҷлосияи дуюми даъвати панҷуми парлумон натиҷагирӣ мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлуомни ҷумҳурӣ иттилоъ дод, пагоҳ пеш аз ба таътили тобистона баромадан вакилони мардумӣ масоили марбут ба бекор кардани Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ, дар бораи бекор кардани Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври содда баромадан аз шаҳрвандии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври содда қабул кардани шаҳрвандии Қирғизистонро баррасӣ мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки вакилони Маҷлиси намояндагон аз 1 июл то 15 август ба таътил баромада, аз 16 август то 30 сентябр онҳо дар кумита ва комиссияҳои соҳавии парлумон кор мекунанд ва тибқи регламент, иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони кишвар 1 октябри соли ҷорӣ ба кор шурӯъ мекунад.
Қобили зикр аст, ки давоми таътил дар сурати зарурат президенти Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки иҷлосияи ғайринавбатӣ ё фавқулодаи парлумонро даъват намояд.





