Натиҷагирии Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти парлумон

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров пагоҳ, 30 июн аз фаъолияти палатаи поёнии парлумон дар иҷлосияи дуюми даъвати панҷуми парлумон натиҷагирӣ мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлуомни ҷумҳурӣ иттилоъ дод, пагоҳ пеш аз ба таътили тобистона баромадан вакилони мардумӣ масоили марбут ба бекор кардани Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон […]

ASIA-Plus



Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров пагоҳ, 30 июн аз фаъолияти палатаи поёнии парлумон дар иҷлосияи дуюми даъвати панҷуми парлумон натиҷагирӣ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлуомни ҷумҳурӣ иттилоъ дод, пагоҳ пеш аз ба таътили тобистона баромадан вакилони мардумӣ масоили марбут ба бекор кардани Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ, дар бораи бекор кардани Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври содда баромадан аз шаҳрвандии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври содда қабул кардани шаҳрвандии Қирғизистонро баррасӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки вакилони Маҷлиси намояндагон аз 1 июл то 15 август ба таътил баромада, аз 16 август то 30 сентябр онҳо дар кумита ва комиссияҳои соҳавии парлумон кор мекунанд ва тибқи регламент, иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони кишвар 1 октябри соли ҷорӣ ба кор шурӯъ мекунад.

Қобили зикр аст, ки давоми таътил дар сурати зарурат президенти Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки иҷлосияи ғайринавбатӣ ё фавқулодаи парлумонро даъват намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.