Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода изҳор доштааст, ки хабари амали террористӣ дар фурудгоҳи Истанбулро бо андӯҳи бузург қабул кардааст. «Ин хабари ғамангез аст ва ман ҳама гуна ҳамлаҳои террористиро маҳкум мекунам», – иброз доштааст ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, ба хотири таъмини амният рӯзи ҷашни Иди Рамазон – 6 июл дар тамоми масҷидҳои кишвар навбатдорӣ роҳандозӣ мегардад.
«Имрӯз дар ҷаласаи шӯрои уламо тасмим гирифтем, ки дар рӯзи ҷашни Иди Рамазон дар тамоми масҷидҳо навбатдории шабонарӯзӣ ҷорӣ карда шавад. Шахсони масъул бояд ба риояи тартибот назорат карда, дар сурати шакку шубҳа пайдо намудани ба шахсон ва ё амалҳои онҳо, ба мақомоти салоҳиятдор хабар диҳанд», – гуфтааст муфтӣ.
Ҳамчунин ӯ зикр кардааст, ки мутахассисон низ тариқи камераҳои мушоҳидаи видеойӣ тамоми қаламрави масҷидҳо ва гирду атрофи онро таҳти назорат қарор медиҳанд.





