Вакилони палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯза аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016» ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода қайд кард, ки мутобиқи тағйирот, маснӯоти заргарии аз хориҷи кишвар воридшуда аз пардохти андозҳо ба арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. «Айни замон ҳаҷми андоз ва боҷ аз маснӯоти тилло ва нуқра аз 40 то 52 фоиз аз арзиши умумии ин маснӯоти воридшударо ташкил медиҳад», – иброз дошт муовини вазир.
Тадбири мазкур, ба андешаи Ҷ.Каримзода, ба пешгирии қочоқи воридоти маснӯоти заргарӣ ба кишвар, муомилоти коррупсионӣ дар ин самт, ҳимояи бозор аз маснӯоти пастсифати заргарӣ ва аз байн бурдани бозорҳои пасипардагии савдои ҷавоҳирот нигаронида шудааст.
«Тӯли 9 моҳи соли 2015 танҳо тариқи хатсайри мустақими ҳавоӣ аз Туркия ба Тоҷикистон беш аз 700 кило маснӯоти заргарӣ ворид шудааст, ки воридоти ҳамагӣ 15 килояш бо роҳи қонунӣ, яъне пардохти ҳамаи андозу боҷҳо сурат гирифта, зиёни мустақими ба давлат расида аз ин амал ҳудуди 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.
Дар идома ӯ таъкид дошт, ки зиёда аз 97,5%-и бозори хариду фурӯши маснӯоти заргарии Тоҷикистон дар ихтиёри истеҳсолкунандандагони кишварҳои хориҷӣ аст. «Минбаъд воридкунандагони маснӯоти заргарӣ ба ивази андозу боҷҳои зикршуда боҷи ягонаи махсуси гумрукиро пардохт мекунанд, ки ҳаҷми он барои воридоти 1 грамм маснӯоти тилло – 18 сомонӣ ва 1 грамм маснӯот аз нуқра – 3,6 сомониро ташкил медиҳад», – афзуд номбурда.





