Рад шудани даст доштани тоҷикистониён дар амали террористии Истанбул

Ҳукумати шаҳри Истанбул ва мақомоти амнияти он эҳтимоли даст доштани зодагони Тоҷикистон дар амали террористии рӯзи 28 июн дар фурудгоҳ шаҳри Истанбулро тасдиқ накарданд. Аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки имрӯз кормандони сафорати Тоҷикистон дар Туркия ва Консулгарии генералии ҷумҳурӣ дар шаҳри Истанбул бо намояндагони ҳукумат ва мақомоти […]

ASIA-Plus



Ҳукумати шаҳри Истанбул ва мақомоти амнияти он эҳтимоли даст доштани зодагони Тоҷикистон дар амали террористии рӯзи 28 июн дар фурудгоҳ шаҳри Истанбулро тасдиқ накарданд.

Аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки имрӯз кормандони сафорати Тоҷикистон дар Туркия ва Консулгарии генералии ҷумҳурӣ дар шаҳри Истанбул бо намояндагони ҳукумат ва мақомоти амнияти шаҳр доир ба

маводи чопшуда

дар нашрияи туркии Milliyet гуфтушунид доир намуда, онҳо маълумоти дар нашрия чопшударо тасдиқ накардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, дипломатҳои тоҷик бо раҳбарияти нашрияи Milliyet низ вохӯрда, тибқи маълумоти онҳо, ин мавод аз ҷониби муаллифи ғайриштатаии нашрия омода шудааст ва дар идораи нашрия дар бораи манбаъҳои такякардаи муаллифи мавод маълумот надоранд. «Консулгарии генералии Тоҷикистон аз раҳбарияти нашрия дархост намуд, ки нисбат ба ин маводи худ раддия чоп кунад», – гуфтанд дар вазорат.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии Haberturk

иттилоъ медиҳад,

ки яке аз террористони маргталаб дар фурудгоҳ зодаи Чеченистон буда, баъзе ВАО аз ӯ Осман Вадинов ном мебаранд.

Ҳамчунин маълумоти хабаргузории

Karar.com

низ оварда шудааст, ки дар он гуфта мешавад, амали террористиро яке аз гурӯҳҳои иборат аз 7 нафари Давлати исломӣ тарҳрезӣ намуда, маргталабон зодагони Чеченистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон будаанд.

Қаблан

иттилоъ дода будем

, ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ пайи таҳқиқи далелҳои пешниҳоди чунин фарзия аст.

Қобили зикр аст, ки бар асари амали террористии шоми 28 июн дар фурудгоҳи Истанбул 42 нафар ҳалок ва 239 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин амали террористӣ аз ҷониби гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» содир шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.