Озмуни «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Тоҷикистон»

Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба «Рӯзи китоб» -4 сентябр, Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои  соли 2015-ро баргузор менамояд. Мақсади асосии озмун, баланд бардоштани мақоми китоб, […]

Иттилоияи расмӣ



Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба «Рӯзи китоб» -4 сентябр, Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои  соли 2015-ро баргузор менамояд.

Мақсади асосии озмун, баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар мебошад.

Тибқи талаботи Озмун, ҳуҷҷатҳо аз санаи 25 июн то 20 августи соли 2016 аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун қабул карда мешавад.

Иштирокчиёни озмун аз ҷониби ҳайати Ҳакамон, тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамуда баҳогузорӣ карда мешаванд.

Озмун аз рӯи се номинатсия, «Китобдори сол», «Китобхонаи сол» ва «Китобхонаи шахсии сол» гузаронида шуда, ба ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукот «Диплом»-ҳо, «Ифтихорнома»-ҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи «Гран-при» супорида мешавад.

Натиҷаи озмун дар «Рӯзи китоб», 4 сентябр, дар ш. Душанбе дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ эълон карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.