Созишномаи тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ бо Қирғизистон бекор шуд

Дар ҷаласаи хотимавии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум вакилони мардумӣ бекор кардани Созишномаи ҳанӯз соли 2002 баимзорасида миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандиро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд. Дар ҷаласа ҳамчунин аз эътибор соқит донистани Созишномаи соли 2004 баимзорасида миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи хотимавии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум вакилони мардумӣ бекор кардани Созишномаи ҳанӯз соли 2002 баимзорасида миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандиро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин аз эътибор соқит донистани Созишномаи соли 2004 баимзорасида миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври содда баромадан аз шаҳрвандии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври содда қабул кардани шаҳрвандии Қирғизистон низ тасдиқ шуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Маҳмадшарифи Ҳақдод қайд кард, ки ташаббуси бекор донистани ин созишномаҳо аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

М.Ҳақдод изҳор намуд, ки ҳадаф ва вазифаҳои созишномаҳои зикршуда амалӣ шуда, минбаъд масъалаи гирифтани шаҳрвандӣ ё хориҷ  шудан аз шаҳрвандӣ мутобиқи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» танзим мешавад, ки соли 2015 қабул шудааст.

Ба андешаи раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров, миёни Душанбе ва Бишкек дар бораи шаҳрвандии дуҷониба (душаҳрвандӣ) қарордоде вуҷуд надорад. «Амали созишномаҳои мазкур минбаъд дар ҳаллу фасли масоили марзӣ бо Қирғизистон мушкилӣ эҷод карда метавонистанд», – иброз дошт ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.