Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Аз ҳамин рӯз ҳаҷми музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳо дар Тоҷикистон зиёд карда мешаванд;

– Қонуни Тоҷикистон дар бораи манъи никоҳи хешутаборӣ мавриди амал қарор мегирад;

– Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии нав Виталий Левченко ба тамрину машғулиятҳои даҳрӯза дар Норак шурӯъ мекунад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8680

сомонӣ;


1

евро –

8.7256

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1198

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих

Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ.


1960

– Нерӯҳои дифоъи зиддиҳавоии шӯравӣ дар фазои болои баҳри Баренс ҳавопаймоии ҷосусии Амрикоро нобуд карданд.


1931

– Мавриди истифода қарор гирифтани конҳои ангиштсанги № 1-3 дар Шӯроб.


1939

– Ифтитоҳи корхонаи таъмири автомобилҳои Конибодом (баъдтар – корхонаи механикӣ, корхонаи «Қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо», ҶС Бодом»).


2009

— Дар Тоҷикистон низоми нави бақайдгирии корхонаҳо – «Равзанаи ягона» ҷорӣ карда шуд.


2010

— Хатти интиқоли барқи «Варзоб – Айнӣ» ба истифода дода шуд, ки тавассути он водии Зарафшон бо барқи арзон таъмин карда мешавад.


2010

— Дар Душанбе маросими ифтитоҳи бинои филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов баргузор шуд.


1915-1982

– Зодрӯзи актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдулҳамид Нурматов.


1932-1984

– Мавлуди доктори улуми тиббӣ Мунира Яъқубова.


1935

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳотам Пӯлодов.


1951

– Мавлуди журналист Судуриддин Маҳкамов.


1951

– Зодрӯзи журналист Саломиддин Мирзораҳматов.


1952

– Мавлуди олим, дорандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода.


1959

– Зодрӯзи журналист Зарринаи Хушвақт.


1969

– Мавлуди оҳангсоз Хайриддин Ализода.


1990

—Зодрӯзи журналист Саодат Раҳимӣ.



Вазъи




обуҳаво




Дар




вилояти




Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +23+28.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +23+28, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +28+33; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +16+21.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +24+26, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +41+43.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +27+29.

spot_imgspot_img

Популярное