Эмомалӣ Раҳмон сафир дар Туркияро иваз кард

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 30 июн Ҷумазода Шарифҷон раиси Ҳисор таъин карда шуд. То ин таъинот номбурда ба ҳайси раиси ноҳияи Ҳисор фаъолият намуда, дар робита ба Ҳисор додани мақоми шаҳр, ӯ раиси шаҳр таъин гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои дигари президент бинобар сабаби ба кори дигар […]

ASIA-Plus



Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 30 июн Ҷумазода Шарифҷон раиси Ҳисор таъин карда шуд. То ин таъинот номбурда ба ҳайси раиси ноҳияи Ҳисор фаъолият намуда, дар робита ба Ҳисор додани мақоми шаҳр, ӯ раиси шаҳр таъин гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои дигари президент бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан, Шарипов Фаррух аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Туркия озод карда шуда, Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшо ба ин вазифа таъин шуд. Собиров Маҳмудҷон бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Туркманистон озод карда шуд.

Бо қарорҳои ҳукумат, Рафиев Абдулваҳоб бо хоҳиши худаш аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» озод карда шуда, Абдулваҳобзода Рустам Назрулло ба ин вазифа таъин гардид.

Мамадҷонов Юнус аз вазифаи директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон озод карда шуда, Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон ба ин вазифа таъин гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.