Никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистон манъ шуд

Дар Тоҷикистон аз имрӯз, 1 июл тағйироту иловаҳои қабулшуда ба қонун «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки никоҳ миёни хешу таборони наздикро манъ мекунад ва қонун дар бораи муоинаи тиббии ҳатмии навхонадорон пеш аз издивоҷ мавриди амал қарор мегирад. Мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда, минбаъд никоҳ миёни фарзандони бародарону хоҳарон ва фарзандони амаку тағо ва […]

ASIA-Plus



Дар Тоҷикистон аз имрӯз, 1 июл тағйироту иловаҳои қабулшуда ба қонун «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки никоҳ миёни хешу таборони наздикро манъ мекунад ва қонун дар бораи муоинаи тиббии ҳатмии навхонадорон пеш аз издивоҷ мавриди амал қарор мегирад.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда, минбаъд никоҳ миёни фарзандони бародарону хоҳарон ва фарзандони амаку тағо ва холаву аммаҳо манъ шуда, ғайр аз ин, навхонадорон уҳдадор мещаванд, ки пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббии ҳатмии бепул гузашта, хун супоранд ва мақомоти САҲШ низ бидуни пешниҳоди чунин маълумотномаҳои тиббӣ ба бастани ақди никоҳ ҳуқуқ надоранд.

Ҳамчунин муҳоҷирони корӣ, ки аз хориҷи кишвар ба ватан бармегарданд, барои ташхиси гирифтор набуданашон ба бемориҳои гуногуни сироятӣ, низ бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Тағйироту иловаҳои мазкур ба қонун дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Кодекси оилаи кишвар пешниҳод гардида, санаи 13 январ палатаи поёнии парлумон ин пешниҳодҳои ҳукуматро маъқул шуморид.

Қаблан вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки аввали соли 2015 дар ҷумҳурӣ беш аз 30 ҳазор кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аксари онҳо дар оилаҳои ҳамсарони хешу таборони наздик ба дунё омадаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.