Президенти Ӯзбекистон сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон  Содиқ Имомӣ  рӯзи 29 июни соли 2016 эътимодномаи худро ба Президенти ин кишвар Ислом Каримов супорид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома Президенти Ӯзбекистон  сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфта, дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф […]

ASIA-Plus



Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон  Содиқ Имомӣ  рӯзи 29 июни соли 2016 эътимодномаи худро ба Президенти ин кишвар Ислом Каримов супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома Президенти Ӯзбекистон  сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфта, дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар поёни сӯҳбат Содиқ Имомӣ   изҳор доштааст, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон  ба харҷ хоҳад дод.

Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқоти Ислом Каримов ба дипломати тоҷик қайд шудааст, ки тақдири мардуми тоҷику ӯзбек бо умумиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва анъанаҳои миллӣ бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд.

Таъкид шудааст, ки вохӯрии сарони кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар доираи кори нишасти СҲШ дар Тошканд ва тавофуқҳои ҳосилшуда дар он, минбаъд ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо мусоидат хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.