Ҷаримаи роҳбари «ДМ Лифт» барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ

Директори генералии ширкати «Дм лифт»-и шаҳри Душанбе Д.Шоев барои носозии кори лифт дар бинои навсохти баландошёнаи пойтахт дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд. Дар номаи расмии директори Хадамоти бехатарии корҳо дар истеҳсолот ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Раҳим Санъат Асо дар робита ба нашри мавод доир ба ин ҳодиса дар «Азия-Плюс» қайд мешавад, […]

ASIA-Plus



Директори генералии ширкати «Дм лифт»-и шаҳри Душанбе Д.Шоев барои носозии кори лифт дар бинои навсохти баландошёнаи пойтахт дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Дар номаи расмии директори Хадамоти бехатарии корҳо дар истеҳсолот ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Раҳим Санъат Асо дар робита ба

нашри мавод доир ба ин ҳодиса

дар «Азия-Плюс» қайд мешавад, ки директори ширкат барои риоя накардани муқаррароти моддаи 405-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ дар ҳаҷми 50 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 2 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Дар ҳамин ҳол зикр мегардад, ки сокинони ин манзил муддати як сол оид ба хизматрасонии лифт бо ҶДММ «ДМ Лифт» қарордод набастаанд. Бо тасдиқи ин маълумот Д.шоев изҳор намуд, ки маблағи хизматрасонии лифт 400 сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад, вале сокинони хона аз ин хизматгузорӣ даст кашидаанд.

«Ин лифти замони шӯравӣ нест, ки онро мустақилона таъмир намоӣ. Ин ҷо нигоҳубину хизматрасонии мунтазам аз ҷониби мутахассисони ширкат зарур аст, ки бо истифодаи начандон нодурусте ҳам механизмҳояш аз кор баромада метавонанд. Ин дафъа ҳам чунин ҳолат рух дод. Таноби лифт канда нашудааст, дар ин ҳолат носозӣ ба вуҷуд омада, лифт босуръат аз ошёнаи якум поинтар фаромадааст. Хушбахтона, касе осеб надидааст», – шарҳ дод ҳодисаро Шоев.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки субҳи рӯзи 19 июн дар яке аз манзилҳои навсохти баландошёнаи шаҳри Душанбе лифти он канда шуд, ки дар дохили он занон ва кӯдакони хурдсол қарор доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.