Вазири корҳои хориҷӣ ба Арманистон рафт



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов имрӯз, 1 июл бо даъвати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Эдвард Налбандян барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон сафар кард. Дар ин бора департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), дар шаҳри Ереван таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Арманистон Эвард Налбандян санаи 4 июл ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД доир мегардад.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа масоили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ ва байнулмилалӣ, тамоили рушди вазъ дар Афғонистон, Сурия ва дигар минтақаҳои низоъҳои мусаллаҳона, ҳамкории мутақобилаи кишварҳои узви Созмон дар арсаи байнулмилалӣ дар шароити вазъи мавҷуда дар ҷаҳон баррасӣ мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД лоиҳаи Стратегияи амнияти дастаҷамъии СААД дар давраи то соли 2025 ва ҷанбаҳои сиёсати хориҷии муқовимат ба терроризм ва ифротгароии байнулмилалиро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

spot_imgspot_img

Популярное